Дар Маскав Наврӯзро таҷлил мекунанд
ушанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – 24 марти соли 2013 дар толори давлатии консертии «Русия» ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз маросими ботантана баргузор мегардад, ки дар он намояндагони ҳамаи халқу миллатҳо иштирок мекунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод.Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, чанде пеш дар бинои Ҳукумати шаҳри Маскав таҳти раёсати роҳбари Департаменти ҳамкории байналмилалӣ, сиёсати миллӣ ва равобит бо созмонҳои динии шаҳри Маскав Юрий Атюх машварати корӣ перомуни масъалаи омодагӣ ва роҳандозии иди Наврӯз баргузор гардид, ки дар он намояндагони сафоратҳои кишварҳои ИДМ, раёсатҳои Ҳукумати шаҳри Маскав, созмонҳои миллию ҷамъиятии пойтахти Русия ширкат доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






