Дар Муъминобод корҳои сохтмонӣ рушд меёбанд

Февраль 6, 2013 16:43

Кӯлоб, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои раиси ноҳияи Муъминобод Пирмад Зарипов рушди корҳои сохтмонӣ дар ноҳия нисбат ба соли сипаригардида ду баробар афзудааст. Дар соҳаи сохтмон дар соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 16 миллиону 235 ҳазору 900 сомонӣ маблағгузории асосӣ азхуд шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 545 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ дар ҳаҷми 14 миллиону 328 ҳазору 300 сомонӣ иҷро гардида, дар ин давра дар ҳаҷми 3415 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд. Сохтмони мактаб барои 320 ҷой дар ҷамоати Боғигай бо маблағгузории Вазорати маорифи ҶТ, таъмиру барқарорсозии хонаи 32 – ҳуҷрадор барои табибон, сохтмони 6 мактаб барои 1740 ҷои нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки дар 5- тои он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Февраль 6, 2013 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд