Дар Шӯрообод кишоварзӣ рушд меёбад
Кӯлоб, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов гуфт, ки соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия нисбат ба соли 2011 – ум 14 млн. 510 ҳазор сомонӣ афзуд ва ҳосили ба дастовардашуда нисбат ба соли гузашта 8, 3 фоиз афзоиш ёфтааст. Кишоварзони ноҳия аз майдони 18 202 гектар зироати дилхоҳ ба даст оварданд. Гуфта мешавад дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия ба миқдори 34 ҳ. 434 тонна ғалла, 8141 тонна картошка, 106 ҳ. 168 тонна мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Дар айни ҳол кишоварзон ба шинонидани дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда сафарбар шудаанд, – афзуд Амирхон Икромов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






