Дар Тоҷикистон қонуни ломбард қабул шуд

Февраль 27, 2013 15:12

Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро қабул намуд. Ҳадафи лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, фаъолият ва муносибатҳои таҳти гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, қарз додан ва хизматрасонии гаравхонаҳо (ломбардҳо) буда, он аз 4 боб ва 18 модда иборат аст. Инчунин қонуни мазкур фаъолияти гаравхона, баҳогузории молу мулки ба гаравмонда ва ё ба нигоҳдошт супоридашуда, шарт ва тартиби ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, маҷбуран гирифтани молу мулки ба гаравмонда ва ба нигоҳдошт супурдашуда, рӯёндани қарз ва молу мулки дархостшударо ба танзим медарорад. Вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов ва Домуллоҷон Ҷабборов зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр карданд, ки дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» таҷрибаи кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон ва Арманистон, инчунин андешаҳои коршиносони соҳа ва шахсоне, ки гаравхонаҳоро идора мекунанд, омӯхта шудааст. Таъкид гардид, ки қабули ин қонун ба рушди соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов, Ашӯрбек Расулов, Эшбурӣ Эсанқулов, Домуллоҷон Ҷабборов, Шарофиддин Сироҷов ва Мунаввара Кенҷаеваанд. Фаъолияти ломбардҳо дар кишвар, ки теъдодашон 30 адад арзёбӣ мегардад, дар асоси муқаррароти Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа фаъолияти онҳо мушаххас ба танзим дароварда нашуда, ҳуқуқи ломбард ва шаҳрвандоне, ки молҳои худро ба гарав мегузоранд, пурра ҳимоя намегардад. Инчунин ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ғайриқонунӣ пеш бурдани фаъолияти ломбард ҷой дорад. Аз ин баъд шаҳрвандоне, ки молҳои худро дар ломбардҳо ба гарав гузошта, барои ба роҳ мондани соҳибкории хурду миёна қарз мегиранд, пурра дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гаравхона (ломбард)” ҳимоя мегарданд.

Февраль 27, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст