Дархостҳои корфармоёни Федератсияи Русия

Февраль 18, 2013 14:51

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар ин рӯзҳо корфармоёни Федератсияи Русия ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дархостҳо ирсол менамоянд. Масалан, чанде пеш ба унвони роҳбари Намояндагӣ Асрор Одинаев дархости расмии роҳбарияти хоҷагии деҳқонии вилояти Волгоград дар бораи зарурат ба кормандони бахши кишоварзӣ расид.Хоҷагии деҳқонии вилояти Волгоград зимни дархосташ аз Намояндагӣ хоҳиш мекунад, ки гурӯҳи кормандонро аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба ҳайси механизаторон ва коркунони ёрирасон фиристад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, аз вилояти Тамбов ва бархе ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав низ чунин дархостҳо расидаанд.

Февраль 18, 2013 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш