Дарвозабони сербиягӣ ба «Истиқлол» омад
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дарвозабони 19-сола аз Сербия Никола Стошич баъди имзои шартнома бо дастаи «Истиқлол» дирӯз ба Душанбе омад. Ин дарвозабон пештар дар клубҳои «Ред Стар» ва «Рад»- Сербия ва дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишвар бозӣ кардааст. Сомони расмии клуби футболи «Истиқлол» ҳамчунин навиштааст, ки аз Сербия боз як мутахассис — Никола Лазаревич ба ҳайати даста шомил шуда ва ӯ чун мураббӣ дар самти омодагии ҷисмонии бозигарон фаъолият менамояд. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол» аз тимҳои пурқуввати футболи кишвар маҳсуб ёфта, дар соли ҷорӣ барои ба даст овардани «Ҷоми Тоҷикистон» талош хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






