Доираи фаъолияти кооперативҳо васеъ мегардад
Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик палатаи поёнии парлумони мамлакат-Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» -ро баррасӣ ва қабул намояд. Вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадамин Ҳисориев мақсади асосии пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкурро ба парлумон иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ кард.Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур, доираи фаъолияти кооперативҳо васеъ гардида, онҳо метавонанд фаъолияти худро дар соҳаҳои матлубот, истеҳсолот, сохтмон, манзил, коммуналӣ, коркард, фурӯши маҳсулот, таъминот, хизматрасонӣ, тиҷорат, маишӣ, кишоварзӣ, суғурта, қарздиҳӣ ва дигар соҳаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






