Дурнамои рушди ҳамкориҳо бо Британияи Кабир

Февраль 6, 2013 11:16

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзии ҶТ вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷереми Орт-смит доир гардид.Қ. Қосимов ҳолати имрӯзаи бахши кишоварзии мамлакатро шарҳ дода гуфт, ки тӯли солҳои ташаккули иқтисоди миллӣ афзалиятҳои соҳаи кишоварзӣ таҷдиди назар шуданд. Масалан агар 20 сол пеш соҳаи пахтакорӣ 70%-и заминҳои обиро ташкил медод, ҳоло он фақат ба ними ин нишондиҳанда баробар аст. Сиёсати бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистони имрӯза, зикр намуд вазир, бо назардошти манфиати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ муайян мегардад. Вобаста ба ин аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ «Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзӣ дар давраи солҳои 2012-2020» таҳия гардидааст, ки он дигаргунсозии истеҳсолоти кишоварзиро дар назар дорад.Вазири кишоварзӣ афзуд, ки барои пешрафти соҳа истифодаи технологияи пешқадам, аз ҷумла омӯхтани таҷрибаи бойи фермерони Британияи Кабир зарур аст. Бахусус дар соҳаи коркард ва нигоҳдошти маҳсулот, инчунин истифодаи босамари доманакуҳҳо ва нишебиҳо барои бунёди боғҳои меваҳо. Ба ҷуз ин Вазорати кишоварзӣ самтҳои зерини афзалиятнокро пешниҳод менамояд:  Таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ доир ба самтҳои афзалиятнок дар соҳаи кишоварзӣ барои ҷалби сармояи Британияи Кабир;  Ҳамкорӣ дар соҳаи рушди растанипарварӣ (пахтакорӣ); Ҳамкорӣ дар соҳаи рушди биотехнологияи чорводорӣ, корҳои хушзоткунӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ; Равона кардани мутахассисони бахшҳои кишоварзӣ барои баланд брдоштани дараҷаи тахассус ва шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзии Британияи Кабир. Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷереми Орт-смит зимни мулоқот зикр кард, ки кишвари вай ба ислоҳот ва рушди минбаъдаи бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон, инчунин таҳкими робитаҳои мутақобила миёни соҳибкорон ва фермерони ду давлат ҳавасманд аст. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар солҳои охир ба ин соҳа зиёда аз 13 миллион фунт стерлинг ҷудо гардидааст. Дар оянда ҷалби соҳибкорон ва тоҷирони Британияи Кабир ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба соҳаи кишоварзӣ дар назар аст.

Февраль 6, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд