Душанбе мизбони варзишгарон
Душанбе, 26 феврал.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе ниммарафони 4 –уми байналмилалӣ гузаронида мешавад. Ҷиҳати омодагӣ ва баргузории ин чорабинии варзишӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Тибқи қарори мазкур Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тадбирҳои зарурӣ андешад ва то 6 апрел тартиби баргузорӣ, нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ, рӯйхати иштирокчиёни ниммарафонро ба раиси шаҳр пешниҳод созад. Ниммарафони чоруми байналмилалӣ бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи мазкур ба раиси шаҳр таклиф ироа месозад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






