Эҳё ва рушди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон

Февраль 27, 2013 15:59

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо мақсади эҳё ва рушди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 25 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси барномаи ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои бозомўзӣ доир гардид, ки дар он 36 ҷавон ширкат намуданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ доданд, машғулиятҳо дар шакли назариявӣ ва амалӣ бо роҳбарии мутахассиси покистонӣ Зоҳид Алӣ ҷараён гирифтанд. Тарзи назариявӣ дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва амалӣ дар толори махсуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор шуданд. Дар анҷом ба ширкаткунандагон диплом ва мукофотҳои Кумитаи миллии олимпии ҶТ тақдим гардиданд.

Февраль 27, 2013 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд