Э. Раҳмон хизматчиёни ҳарбиро аз хатарҳои беруна ҳушдор дод
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар масъалаи риояи қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини интизоми қатъӣ дар байни хизматчиёни ҳарбиро барои ҳар як афсару сарбоз муҳим арзёбӣ намуд. “Бо вуҷуди он, ки то имрӯз дар ин самт хеле тадбирҳои судманд амалӣ карда шудаанд, вале вазъи умумии корҳо маро ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қонеъ карда наметавонад”- гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Аз ин рӯ, Сарвари давлат истифода аз усулҳои муосир ва таъсирбахши корҳои тарбиявиро ба манфиати кор хонд. “Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбият ёбанд. Онҳо бо масъулияти баланд бояд дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти пойдории давлат аст”- таъкид намуд Президенти кишвар. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар шароити кунунӣ ва зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир бояд вазифаи аввалиндараҷаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳифзи боэътимоди истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон бошад.Ҳамчунин, Сарвари давлат дар идомаи суханронии худ аз хуруҷи батадриҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз Афғонистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии мо, инчунин мақомоти амният ва корҳои дохилӣ ба ҳифзи Ватан аз ҳама гуна хатарҳои беруна бояд омода бошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






