Эмомалӣ Раҳмон: «Бонки ҷаҳонӣ бояд воқеъбин бошад!»

Февраль 19, 2013 14:46

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳод мавриди муҳокима қарор дода шуд. Сароҷ Кумар Ҷа иттилоъ дод, ки дар давоми чанд соли охир Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Номбурда рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин бахш изҳори омодагӣ кард.   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки бояд мавқеи Бонки ҷаҳонӣ ва коршиносони он доир ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун воқеъбинона, мустақил ва шаффоф боқӣ монад. Сароҷ Кумар Ҷа дар навбати худ иброз дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ иқдом дорад, то тамоми ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ҷалб намояд, зеро ба бовари Сароҷ Кумар Ҷа муколамаи озоди байни ҳукуматҳо ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои манфиатдор дар самти беҳтар намудани натиҷаҳои ҳисобот дар доираи лоиҳаи мазкур саҳми назаррас хоҳад дошт. Ҳамчунин дар мулоқот ҷараёни татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ки дар доираи он кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон шарик хоҳанд буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки бо татбиқи ин лоиҳа аз давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дигар кишварҳои минтақа нерӯи барқ интиқол хоҳад шуд.

Февраль 19, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд