Эмомалӣ Раҳмон: “Фидоиёни миллатро фаромуш намекунем”
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ “Ховар”, Афшини Муқим).- “Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ бархурдор будаанд” – ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии табрикотии худ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иброз намуд. Ба гуфтаи Президент маҳз ҳамин мероси санъати ҳарбии ниёгон ба мо имкон дод, ки дар ҷои амалан холӣ артиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдориро таъсис диҳем ва дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти муназзами онҳоро таъмин намоем. Сарвари давлат аз фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори қаноатмандӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз солҳои муқовимати мусаллаҳонаи кишвар ҷиҳати фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгаронаи душманон иброз дошт, ки дар натиҷаи якчанд амалиёти махсус ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расидаанд ва мардуми тоҷик хотираи неки онҳоро то абад пос медорад. Бояд гуфт, ки аз соли 1993 то имрӯз қариб ду ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






