Энергетикаи ҶТ рушд меёбад

Февраль 25, 2013 13:16

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ бо сардории роҳбари Барномаи рушди энергетика дар Осиёи марказӣ Сунил Хосла баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили мубрам ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявию бонкӣ ва соҳаҳои дигари фаъолият табодули афкор намуданд.Мусоҳибон ба масоили рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла ба таҳлили техникию иқтисодии бунёди хатти интиқоли барқи CASA (КАСА) – 1000 таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Зимни мулоқот ҳамчунин имконияти татбиқи барномаҳои дурнамо, расонидани ёрии молиявию техникӣ ба Тоҷикистон ва мақоми созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифт.Вазири молияи кишвар зикр намуд, ки тайи давраи ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар амри роҳандозии ислоҳоти бахшҳои молиявии ҶТ дастовардҳои зиёде ба назар расид.

Февраль 25, 2013 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд