Фаҳмида Мирзо ба Душанбе даъват шуд

Февраль 12, 2013 12:04

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафар ба Покистон бо Раиси Ассамблеяи миллии ин кишвар хонум Фаҳмида Мирзо мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот раисони парлумонҳои Тоҷикистону Покистон атрофи масоили густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, робитаҳои парлумонӣ, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ибрози назар карданд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки миёни Душанбе ва Исломобод фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад. Таъкид шуд, ки раванди муносиботи байнипарлумонии ду кишвари дӯст бояд ба марҳалаи тоза ворид гардида, барои тақвияти ин муносибот иқдомҳои ҷиддитаре рӯи даст гирифта шаванд. Раиси Маҷлиси намояндагон аз Раиси Ассамблеяи миллии Покистон доктор Фаҳмида Мирзо даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.
Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат оид ба таъмин будани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба ҳамтои покистонии худ маълумот дода, аз тасмими Покистон ҷиҳати сохтмони корхонаи муштараки тавлиди семент дар шимоли Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки бинобар зиёд будани талабот ба семент дар ин минтақаи кишвари мо таъсиси чунин корхона дар вилояти Суғд ба мақсад мувофиқ аст. Мавриди зикр аст, ки Покистон омодагии худро барои сохтмони корхонаи тавлиди семент дар шимоли Тоҷикистон, аниқтараш дар ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Fафуров ва Fончӣ бо сармояи 123 миллион $ эълон доштааст.

Февраль 12, 2013 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд