Фоҷиа: чор нафар ба ҳалокат расид
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Рӯзи 3 феврали соли равон ронандаи мошини тамғаи «Тайота-Раф-4», рақами давлатиаш 44-41 АВ 03 Холов Қутбиддин Ғуломович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Румӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Қурғонтеппа дар километри 42-юми ҳудуди деҳаи Чимбулоқи ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши мошини тамғаи «ДЭУ-Сиелло», рақами давлатиаш 94-98 АВ 01, таҳти идораи ронанда Юсупов Муҳибулло Мирзовалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини «ДЭУ-Сиелло» М. Юсупов ва мусофирони он: Мирзовалӣ Юсупов, соли таваллудаш 1957, Хосият Юсупова, соли таваллудаш 1958, Идигул Юсупова, соли таваллудаш 1987, сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар вақти ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






