Фурудгоҳ мутахассис омода месозад
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавиро комилан нав карда, ихтисоси кормандони фурудгоҳ такмил дода шуда, ҳамкориҳои бевосита бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ вусъат меёбанд. Тавре ки пештар хабар дода будем, дар робита ба ҳамин мавзўъ «Фурудгоҳи байналмиллии Душанбе» дар толорҳои хизматрасонии худ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTE ULTRA DCS)–ро насб кард. Платформаи мазкур ва нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, имконият медиҳад, ки мусофирони худро аз тариқи низоми автоматии хеш ба қайд гиранд.Бояд гуфт, ки дастгоҳҳои нави санҷиши бағоҷи мусофирон имкон медиҳанд, ки кормандони хадамоти гумрук минбаъд амалҳои санҷиширо дастӣ анҷом надода, тариқи компютерҳо бағоҷро назорат намоянд. Асбобҳои нурафкани Рапискан бағоҷи мусофирро аз панҷ ҷанба муоина намуда, дар сурати пайдо намудани маводи интиқолаш манъ бағоҷро ба дастгоҳи муоинавии назоратӣ интиқол медиҳад. Дар сурати бартараф нагаштани шубҳа бағоҷи мусофир дар ҳузури мусофир муоина мешавад. Имрўз омўзиши системаи нави муоина барои кормандони хадамоти амнияти авиатсионӣ ва хадамоти гумруки назди фурудгоҳ оғоз гардид. Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати Рапискан муҳандиси коршинос Бену Бинепал даъват шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






