Гаравхонаҳо танзим мешаванд

Февраль 1, 2013 14:53

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия, Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро 1 феврал зимни муҳокимаи парлумонӣ вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва мудирони ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Иқбол -2012» ва «Ломбард» баррасӣ намуданд.  «Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкили фаъолият ва муносибатҳо таҳти гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, қарз додан ва хизматрасонии ломбардҳо таҳия шудааст”, гуфт яке аз муаллифони лоиҳаи қонун вакил Домуллоҷон Ҷабборов. Лоиҳаи қонун аз 4 боб ва 18 модда иборат буда, дар онҳо фаъолияти ломбард, шароиту талаботи асосӣ ба фаъолияти онҳо, махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, тартиби гирифтани молу мулки (ашёи) ба гаравмонда ва ё ба амонатсупорида ва аз онҳо ситонидани пули қарз, баҳогузории молу мулки (ашёи) ба гаравмонда ва ё ба амонатсупорида, шарт ва тартиби ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, ба расмият даровардан ва тартиби фурӯхтани молу мулк зикр шудааст.Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ фаъолияти ломбардҳо дар асоси муқаррароти Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа фаъолияти онҳо мушаххас ба танзим дароварда нашуда, ҳуқуқи ломбард ва шаҳрвандоне, ки молҳои худро ба гарав мегузоранд, пурра ҳимоя намегардад. Инчунин ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ғайриқонунӣ пеш бурдани фаъолияти ломбард ҷой дорад. Дар таҳияи лоиҳаи қонун фаъолияти ломбардҳо дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд омӯхта шуд. Инчунин қонунҳои амалкунандаи Русия, Арманистон, таҷрибаи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Яке аз монеаҳои рушди соҳибкории хурду миёна дастрас набудани қарзи кӯтоҳмуддати фаврист. Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои рушди соҳибкории хурду миёна шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Февраль 1, 2013 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд