Гомҳои устувор дар арсаи ватанпарастию ҳуввиятсозӣ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов бо курсантҳои омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот анҷом дод. М. Неъматов гуфт, ки насли ҷавон имрӯз тавассути рӯ овардан ба донишандӯзию мутолиоти саросарӣ, бедорию ҳушёрии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, мусоидат дар ҳимояи марзу буми ватан, таҳкими артиш ва пояҳои давлатдории миллӣ метавонад ба қишри фаъоли иҷтимоӣ табдил ёфта, дар эъмори ҷомеаи муосири демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин саҳми бориз гузорад. Истиқлолияти давлатӣ,-афзуд Маликшо Неъматов,- ба ҳар фарди солимақли ҷомеа имкон медиҳад, ки дар масири худогоҳию худшиносӣ ва ватанпарастию ҳуввиятсозӣ гомҳои устувор ниҳад. Ёдовар мешавем, ки 30 январи соли ҷорӣ мулоқоти муовини раиси кумита Мавсума Муинова ва масъулини бахши ватанпарастӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 2620 Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ доир шуд. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур, ки дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, масъулин ҷавононеро, ки ихтиёран дар сафи артиш хизмат доранд, бо туҳфаҳо, аз қабили китобҳои тозанашре, ки хусусияти ватанпарастона доранд ва бо дастгирии кумита рӯйи чоп омадаанд, лавозимоти варзишиву маводи гигиенӣ қадрдонӣ карданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо, ки охири моҳи январ оғоз шудаву идома доранд, масъулини кумита бо тарзи зист ва хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусалаҳ ошноӣ пайдо карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






