Густариши ҳамкориҳои судманд

Февраль 12, 2013 17:44

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод бо сардори Раёсати таҳлилии Бонки рушди Авруосиё Элла Байбикова сурат гирифт.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок аз мавзуъҳои калидии суҳбати У.Давлатзод бо хонум Э. Байбикова маҳсуб гардид. Элла Байбикова изҳор дошт, ки мо омодаем баҳри рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими он саҳми назарраси худро гузорем. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ибрози назар намуданд.

Февраль 12, 2013 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд