Хонаи дуҳуҷрадор ба шаҳрванди ҳаштмиллионум

Февраль 25, 2013 11:40

Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе ба шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумайя хонаи дуҳуҷрадор тақдим менамояд. Манзили истиқоматие, ки ба шаҳрванди 8-миллионуми Тоҷикистон ҷудо шудааст, дар ошёнаи якуми бинои № 11/10-и кӯчаи Федини пойтахт воқеъ буда, масоҳати умумиаш 60,2 метри мураббаъ мебошад. Ҳамзамон дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки ба шаҳрванди ҳашмиллионум 8 000 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина расонида, ба номи ӯ дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби шахсӣ низ кушода мешавад. Инчунин аз ҷониби Раёсати тандурустӣ ба шаҳрванди ҳашмиллионум табиби доимӣ вобаста мегардад.

Февраль 25, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд