«Хуаксин Ғаюр Семент» истеҳсоли сементро дучанд мекунад
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар соли ҷорӣ дар мамлакат истеҳсоли 480 ҳазор тонна семент дар назар дошта шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта ду маротиба зиёд аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ дар соли гузашта дар кишвар 232 ҳазору 400 тонна семент истеҳсол гардид. Имсол дар назар аст, ки дар соҳаи истеҳсоли семент корхонаҳои нав ба истифода дода шаванд. Аз ҷумла дар нимсолаи дуюм корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр Семент» ва «Ваҳдат-Хуалун» бо иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна ва 50 ҳазор тонна семент дар як сол ба кор дароварда мешаванд. «Тамоми корхонаҳои соҳа барои истеҳсоли маҳсулоти худ ба ҷои гази табиӣ ангиштро истифода мебаранд»,-хабар доданд аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






