Иқтисоди кишвар дар ҳоли рушд аст
Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ кишвар дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 –ум 7, 5 %-ро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 36, 2 миллиард сомонӣ баробар гардид. Шариф Раҳимзода — вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар соли сипаригардида ММД асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли молҳо дар саноати сабук, кимёвӣ ва саноати кӯҳӣ таъмин карда шуд. Нисбат ба соли 2011 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 22, 4%, чарм ва маҳсулоти чармӣ 49,4 % , маҳсулоти резинӣ ва пласмассӣ 43,6 %, маҳсулоти тайёри филизӣ 42,3 %, маъданҳои филизӣ 22,4 % ва истихроҷи ангишт 74 % зиёд шудааст, ки ин тамоюли фарқкунанда нисбат ба солҳои қаблӣ дар иқтисодиёти кишварамон буда, захираҳо барои истеҳсоли молҳои мазкур дар ҷумҳурӣ зиёд мебошад. Соҳаҳои зикргардида дар оянда имкон доранд ҳиссаи худро дар афзоиши ММД боз ҳам бештар гардонанд. Вазир афзуд,ки ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар соли 2012 нисбат ба дигар қисматҳои ММД 2,6 банди фоизӣ зиёд шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки дар соли 2012 дар кишварамон корхонаҳои нав бунёд ва беш аз 130 ҳазор ҷои кори нав муҳайё шуда, истеҳсоли молҳо зиёд гардидааст. ММД дар соли гузашта ба ҳар нафар аҳолии кишвар 4 ҳазору 590 сомонӣ, муодили 964 $ -ро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2011 (3 ҳазору 900 сомонӣ ё 846 $) 17,7 % зиёд аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






