Иҷлосияи роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ

Февраль 25, 2013 15:44

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 25 феврал, дар шаҳри Боку иҷлосияи ХУ1 Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома дорад.Дар кори иҷлосия роҳбарони агентиҳои иттилоотии Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Украина, ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доранд.Рӯзномаи иҷлосия иборат аз фаъолияти Шӯрои иттилоотии ИДМ, масоили омодагӣ ба 70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамкории агентиҳои иттилоти давлатӣ дар чаҳорчӯбаи консепсияи Раёсати Беларус дар ИДМ дар соли 2013 мебошад. Ҳамчунин фаъолияти дурнамои Ассотсиатсияи агентиҳои иттилоотии давлатҳои аъзои Иттиҳод ва лоиҳаҳои ҷории, Шӯрои иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди муҳокима қарор мегиранд.Иштирокдорони иҷлосия, ҳамчунин масоили ташкилиро мавриди баррасӣ қарор дода, макону замони доир намудани иҷлосияи ХУП – ро муайян мекунанд.Қобили зикр аст, ки Шӯрои иттилоотии ИДМ моҳи ноябри соли 1995 барои танзими ҳамкорӣ дар бахши иттилоот таъсис ёфта буд, ки ба ҳайати он роҳбарони хадамоти давлатии иттилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Февраль 25, 2013 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад