Ифтитоҳи консулгарии Қазоқистон дар Хуҷанд

Февраль 5, 2013 12:21

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расман ба фаъолият шуруъ намуд. Дар робита ба ин раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода чанде қабл консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Мейрамгалӣ Оринбасаровро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят боз шудани консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷандро ҳодисаи муҳим дар инкишофи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои судбахши байниминтақавии Тоҷикистону Қазоқистон ном бурд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои самараноки байниминтақавӣ, аз ҷумла миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои мухталифи кишвари Қазоқистон баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб муфид ҳанӯз зиёданд. Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин кишварест, ки намояндагии худро дар шаҳри Хуҷанд таъсис додааст. Қаблан Федератсияи Русия консулгарӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагии худро дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда буданд.

Февраль 5, 2013 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд