Ифтитоҳи расмии Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истамбул
Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар»).- 8 феврали соли 2013 бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ маросими расмии ифтитоҳи бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд. Дар ин маросими ботантана Волии вилояти Истамбул Ҳусейн Авни Мутлу, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Фатиҳ Ҷейлан, муовини Волии Истамбул Казим Текин, консулони генералии муқими Истамбул, доираи соҳибкорони туркӣ бо сардории раиси Конфедератсияи соҳибкорони Туркия Резанур Мерал, донишҷуёни тоҷик ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Дар паёми худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳолати кунунии муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, ифтитоҳи Консулгарии генералӣ дар Истамбулро дар вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Волии вилояти Истамбул ҳам аз робитаҳои дӯстонаи ду кишвар ва мардумони он ёдовар шуда, таҳкими минбаъдаи чунин робитаҳоро ҳамчунин миёни шаҳру вилоятҳои алоҳидаи Тоҷикистону Туркия муфид хонд. Дар ин чорабинии тантанавӣ, ки бо иштироки беш аз сад нафар меҳмонон доир гашт, ҳамчунин филми мустанад оид ба дастовардҳо ва табиати Тоҷикистон нишон дода шуд. Дар доираи маросими кушодашавии Консулгарии генералӣ ба маърази ҳозирин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик гузошта шуд, ки дар он беҳтарин намунаҳои санъати тоҷик, аз қабили либосҳои миллӣ, гулдузию зардузӣ, кандакорӣ ва асбобҳои мусиқии тоҷикон пешниҳод гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






