Имзои Оиннома дар Исломобод

Февраль 11, 2013 16:43

Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Конфронси якуми Ассамблеяи Парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /СҲИ — ЭКО/ имрӯз бо иштироки ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод баргузор гардид. Дар кори конфронс дар қатори ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат ширкат намуд. Худи ҳамин рӯз зимни баргузории нишаст бо иштироки сарварони баландпояи парлумонҳои кишварҳои аъзои СҲИ Оинномаи Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ, ки аз 11 модда иборат аст, ба имзо расид. Тибқи Оиннома Ассамблея аз раис ва вакилони парламентҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ иборат хоҳад буд. Минбаъд дар ҳар парламент шуъбаи Ассамблея таъсис дода мешавад. Раиси парламент раиси шуъбаи таъсисшуда ба ҳисоб меравад. Дар асоси Оиннома ба ҳар як парламент мақоми мушоҳид дода мешавад, ки он дар Конфронс тасдиқ мегардад. Меҳмонони махсус бо даъвати Раиси Ассамблея ва бо розигии аъзои парламентҳо дар ҷаласаҳо ширкат варзида метавонанд. Дар асоси ин Оиннома Конфронси Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ соле як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо гузаронида мешавад. Шўрои иҷроия аз Раиси парламентҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ иборат хоҳад буд. Котиботи доимии Ассамблеяи мазкур дар Исломобод воқеъ буда, фонди умумии котиботи Ассамблея аз ҳисоби саҳми кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои дигар таъсис дода мешавад. Оинномаи мазкур барои беҳтар ба роҳ мондани кори кишварҳои аъзо ва фаъолияти баробар ва босамари онҳо дар заминаҳои мухталиф мусоидат менамояд.

Февраль 11, 2013 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад