Имзои созишнома оид ба идораи устувори кишоварзӣ
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода) – Дирӯз вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив лоиҳаи дуюми таъминот бо шуғли ҷамъиятиро бо мақсади идораи устувори кишоварзӣ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Маблағи умумии лоиҳа 45,9 млн. долларро ташкил медиҳад. Зимни маросими имзои созишнома С. Наҷмиддинов зикр кард, ки лоиҳаи мазкур ба зиёда аз 770 ҳазор аҳолие, ки дар ноҳияҳои вилояти Хатлон зиндагӣ доранд, кӯмак мерасонад. «Барқарорсозии инфрасохтори обёрию дренажӣ имкон медиҳад, ки обёрии қариб 190 ҳазор гектар замин беҳтар гардида, рӯзгори 750 ҳазор нафар аҳолие, ки дар деҳот зиндагӣ доранд ва бо корҳои лоиҳавӣ фаро гирифта шудаанд, беҳбудӣ ёбад»,-зикр кард Марша Олив. Дар назар аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар соли 2018 ба анҷом расад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






