Интихоби раиси Шӯрои АП ДСҲИ
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Исломобод- пойтахти Покистон ҷаласаи Шўрои иҷроияи Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Шӯро интихоб гардида, барнома ва мавзуъҳо ҷиҳати муҳокимаронӣ дар Конфронси якуми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ тасдиқ гардид. Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон иштирок дорад. Ба узвияти созмони мазкур 10 давлат – Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Туркия, Покистон ва Эрон шомил мебошанд. 21 майи соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони нави Измирро тасдиқ намуд, ки тибқи он Тоҷикистон узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






