Интихоботи миёнадаврӣ баргузор мегардад

Февраль 19, 2013 17:12

Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов, ки бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ 18 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъйин гардид, бояд ваколати вакилияшро пеш аз муҳлат дар асоси қарори палатаи поёнии Парлумони мамлакат қатъ намояд.  Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии итихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тибқи моддаи 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳи баъд аз қатъ гардидани ваколати вакил дар ҳавзаи иинтихоботӣ интихоботи миёнадавраӣ гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, агар Маҷлиси намояндагон 27 феврал дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагон қарори марбута қабул намояд, то 27 май тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 интихоботи миёнадаврӣ таъйин мешавад. Мавриди зикр аст, ки Рустам Латипов дар Парлумони кишвар намоянда аз Ҳизби аграрӣ буда ва ҳамзамон раисии Комиссияи муваққатии экологияро дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба уҳда дошт.

Февраль 19, 2013 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад