Иродаи мустаҳкам ва фаъолияти серҷабҳа

Февраль 7, 2013 17:21

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар яке аз набардҳои шадиди ҷанги Афғонистон маҳрум шудан аз ду пой иродаи матин ва оҳанини ҷанговари интернатсионалист Ибодулло Шарифовро шикаста натавонист. Ибодулло Шарифов моҳи августи соли 1983 баъди бардоштани ҷароҳати вазнин дар набарди ҷангӣ аз ҳар ду пой маҳрум гашт ва то солҳои 1987 дар дармонгоҳҳои калони Русия шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург табобат ёфта, бо пойҳои сунъӣ таъмин гашт.Аз соли 1987 то соли 1990 дар ҷои кори аввалааш, яъне кафедраи кимиёи таҳлилии Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси корманди калони илм кор кард. Аз соли 1990 чун ассистенти кафедраи дорусозӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва то соли 2004 ба ҳайси муаллими калони ҳамин донишгоҳ фаъолият дошт. Соли 2004 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Мувозинати ҳосилшавии пайвастҳои комплексии оҳан бо лигандҳои гетеросиклӣ» бо муваффақият ҳимоя кард. Соҳиби беш аз 39 мақолаи илмӣ ва 5 пешниҳоди навоварона мебошад. Аз соли 2006 то имрӯз дотсенти кафедраи кимиёи дорусозӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст.Ибодулло Шарифов бо ордени «Байрақи сурхи ҷангӣ»; медал барои «Шуҷоат», Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва беш аз 15 медали ҷашнӣ сарфароз гардидааст. Ӯ раиси шуъбаи Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсоналисти ноҳияи Сино, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсоналисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раиси ташкилоти ибтидоии «Башардӯст»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахт аст.

Февраль 7, 2013 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд