Иштироки ҳунармандони тоҷик дар «Сураҷкунд»

Февраль 25, 2013 16:08

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи дастури роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 то 14 феврали соли ҷорӣ ҳунармандони тоҷик дар Фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ- «Сураҷкунд» дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат намуданд. Фестивали мазкур бо иштироки намояндагони 21 кишвари олам доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷи иштирок ва суханронӣ намуд. Дар барномаи консертии кушоиши чорабинӣ дар ҳузури Президенти ин кишвар ва дигар меҳмонони расмӣ аз байни намояндагони дигар кишварҳо ҳунармандони тоҷик бо баромади рақсии гуруҳӣ ба муддати 5 дақиқа ҳунарнамоӣ намуданд. Намоиши барномаи мазкур аз ҷониби расонаҳои хабарии аксар кишварҳои ҷаҳон ба навор гирифта шуда, аз тариқи барномаҳои мухталифи телевизионҳои олам пахш гардид. Ҳамчунин ҳунармандони мо ҳамарӯза дар барномаи консертие, ки бо ширкати ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ намоиш дода мешуд, фаъолона ширкат варзида, бо ҷаззобияти мусиқӣ ва либоси фарқкунанда назаррас буданд. Барномаи консертии ҳунармандони мо, ки аз рақсу сурудҳои ҷолиби халқию муосир иборат буд, мақбули тамошобинон гардид. Махсусан ҳунарнамоии гуруҳи рақсӣ, аз ҷумла рақсҳои яккаи Хайринисо Ватанова, сурудҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов, овозхони шинохта Таҳмина Ниёзова аз ҷониби тамошобинон хеле хуб пазируфта шуданд. Сафари мазкур дар маҷмуъ аз оғоз то анҷом хеле муваффақона буд ва барномаҳои консертии гуруҳро дар ин муддат тамошобинони хеле зиёд диданд ва санъати волои тоҷикон аз саҳнаи ин Фестивали бошукуҳи байналмилалӣ барои оламиён арзанда муаррифӣ гардид.

Февраль 25, 2013 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд