Иштироки ҷанговарони интернатсионалист дар гузашти низомӣ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар гузашти низомӣ бахшида ба 20 – солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 23 феврал дар майдони асосии пойтахт баргузор мегардад, 150 нафар ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Ин хабарро сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Фаридун Маҳмадалиев тасдиқ намуд. Қобили зикр аст, ки дар гузашти низомии қӯшунҳо бори нахуст хидматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи занон — кормандони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ширкат мекунанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






