Истеҳсоли маҳсулот меафзояд
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» беш аз 379 ҳазор сомониро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи гузашта дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» чор корхонаи саноатӣ фаъолият дошт. Назар ба маълумоти оморӣ, соли 2012 минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 17 миллиону 356 ҳазор сомона маҳсулот истеҳсол намуданд.То имрӯз дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ аз қабили «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» фаъолият доранд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






