Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири пластмассӣ

Февраль 6, 2013 16:33

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Соли 2012 5 коргоҳ ва 5 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, аз ҷумла ҶДММ «Равзана пластик» ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ «Алфа Пет», ҶДММ «Суперпласт плюс» ва ҶММ «Суғд Пласт» ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ, аз қабили профилҳои пластмассӣ, зарфҳои пластмассӣ, плёнкаи полиэтиленӣ, пенопористероли сохтмонӣ, сатил ва тағораҳои полиэтиленӣ, борхалтаҳои полиэтиленӣ, қуттиҳои пластмассӣ барои рангҳои сохтмонӣ оғоз карданд. Таҷҳизот ва хатҳои технологие, ки дар корхонаҳои мазкур насб гардидаанд, истеҳсоли Олмон, Австрия, Туркия ва Чин буда, маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори дохилӣ рақобатпазиранд.  Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар айни ҳол, шумораи умумии корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар ҷумҳурӣ ба 14 адад расидааст ва дар соли 2012 ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи коргарон дар маҷмуъ дар ин корхонаҳо 400 нафарро ташкил медиҳад.

Февраль 6, 2013 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд