Истеҳсоли маводи шӯянда дар корхонаҳои ватанӣ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Соли 2012 дар ноҳияи Ваҳдат тавассути сармоягузорони эронӣ ду корхонаи нав-ҶДММ «Тули перс» ва ҶДММ «Алмаз Тиҷорат» ташкил шуданд. Дар корхонаҳои номбурда истеҳсоли моеъҳои шустушӯии тамғаи «Дарья», «Некс» ва «Ныю» ба роҳ монда шудааст, ки ҳаҷмашон 500 мл ва 750 мл буда, барои шустушӯи зарфҳои хӯрокхурӣ, оинаи тирезаҳои биноҳо ва автомашинаҳо ба таври васеъ истифода мешавад. Хати технологӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 35 ҳазор доллари ИМА ворид ва насб шуда, иқтидори лоиҳавии корхонаҳои мазкур ба ҳисоби миёна истеҳсоли 5,5 ҳазор дона моеъҳои шӯяндаро дар як моҳ ташкил медиҳад. Ашёи хоми истифодашаванда дар корхонаҳои номбурда ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ асидсулфинак, эталонамид, ранг, хушбӯйкунанда, антибактерия, асит ва формалин буда, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид мешаванд.Корхонаҳои зикргардида дар соли 2012 ба маблағи 137,1 ҳазор сомонӣ ва ё ба миқдори 64,5 ҳазор дона маҳсулот истеҳсол намудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






