Кӯмак ба артиши Тоҷикистон

Февраль 18, 2013 14:52

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳиндустон дар ҳошияи ҳамкории ҳарбию техникии байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба артиши кишвар ба маблағи 5 миллион 500 ҳазор доллари ИМА ёрии ҳарбию техникӣ расонид. Тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ба ҳайати фармондеҳони Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Тоҷикистон ва мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ як чархболи тамғаи МИ — 8 ва 6 адад воситаҳои сӯхторнишонӣ ва нақлиёти боркаш супурда шуд. Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба ҷониби Ҳиндустон барои расонидани кӯмаки техникӣ изҳори миннатдорӣ кард.Хотирнишон месозем, ки Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002 инҷониб ҳамкории ҳарбию техникӣ доранд.

Февраль 18, 2013 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд