Кӯмаки Ҳукумати ИМА ба марзбонони тоҷик
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) ва шуъбаи ҳамкории низомӣ 22 адад мошини роҳпаймо, 33 мошини сабукрав ва дигар таҷҳизоти тактикиро ба Ҳукумати Тоҷикистон дастрас намуд. Мошинҳои роҳпаймо байни дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим гардида, ба қӯшунҳои сарҳадӣ дар мубориза бар зидди қочоқи мол ҳангоми воридот ва содироти он мусоидат мекунанд. Мошинҳои сабукрав ва таҷҳизоти махсус ба қӯшунҳо, дидбонгоҳҳо ва қисмҳои сарҳадӣ дар баланд бардоштани иқтидори онҳо дар таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистон аз хатарҳои берунӣ кӯмак хоханд расонд. Сафорати ИМА тасмим гирифтааст, ки қӯшунҳои сарҳадиро дар чаҳорчӯбаи равобити байни оҷонсиҳои ИМА дар таъмини беҳтари таҷҳизот, барномаҳои омӯзишӣ ва сохтор минбаъд ҳам дастгирӣ намояд. Таҷҳизот ва васоити нақлиёт, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллион доллари амрикоӣ пешкаш гардид, имконияти Ҳукумати Тоҷикистонро дар таъмини амнияти марзҳои худ боз ҳам қавитар мегардонад. Лоиҳае, ки дар чаҳорчӯбаи он воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот ҳамчун кӯмаки бебозгашт пешниҳод гардид, яке аз лоиҳаҳои сершуморе мебошад, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА амалӣ мегардад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасони рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






