Курси омӯзиши кори телевизион дар ДМТ

Февраль 14, 2013 16:42

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Пагоҳ, 15-уми феврал дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯён пас аз хатми курси семоҳаи омӯзиши малакаҳои наворбардориву танзими барномаҳои телевизионӣ аввалин сужаҳои телевизионии омода намудаашонро ба тамошои устодону журналистони касбии кишвар мегузоранд. «Ин курси омӯзишӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва Ташкилоти ҷамъиятии Созмони рушди журналистони ҷавон» дар пояи студияи таълимии факултаи журналистика гузаронида шуда, ҳадафи он ба донишҷӯён омӯзонидани ҳунари наворбардорӣ, танзимгарӣ ва кор кардан бо дигар техникаҳои телевизион буд, аммо то куҷо мо ба ин мақсад расидем, пагоҳ устодон баҳо медиҳанд»,- иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири студияи таълимии телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зафари Аскар. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки студияи таълимии факултаи журналистикаи ДМТ соли гузашта фаъолияти худро оғоз кардаву ҳар моҳ барномаеро бо номи «Паёми Донишгоҳи миллӣ » омода ва дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» пахш мекунад.

Февраль 14, 2013 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд