Лоиҳаи таҳияи филми мустанад аз ҳаёти Амрико

Февраль 7, 2013 16:12

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қабули лоиҳаҳоро аз телевизионҳои маҳаллӣ барои иштирок дар барномаи ҳамкории соҳаи телевизион (TV Co-Op) барои соли 2013 эълон мекунад. Барномаи мазкур ба телевизионҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки гуруҳи эҷодии худро ба ИМА барои таҳияи филми мустанад аз ҳаёти Амрико ба муддати ду ҳафта фиристанд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд, барои таҳияи филмҳо барои соли 2013 мавзуъҳои «Мубориза алайҳи нашъамандӣ ва майзадагӣ дар ИМА», «Соҳибкорӣ дар ИМА», «Масъалаи ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират дар ИМА» ва «Истифодаи захираҳои об» афзалият доранд.  Одатан гуруҳҳои эҷодӣ ҳангоми сафари дуҳафтаина як ё якчанд филми мустанад ва силсилаи лавҳаҳои телевизионӣ аз ҳаёти Амрикоро таҳия мекунанд ва онҳоро дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунанд. Гуруҳи эҷодиро дар ИМА дар тамоми муддати сафар таҳиягари амрикоӣ, ки аз ҷониби Дафтари масоили телерадиошунавонии Департаменти давлатӣ таъйин шудааст, ҳамроҳӣ мекунад. Гуруҳи эҷодӣ бояд аз се нафар иборат бошад, ки якеаш ҳатман бояд бо забони англисӣ хуб ҳарф занад. Шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд. Ташкилотҳое, ки соҳиби шабакаи пахшкунандаи худ нестанд, бояд нақшаҳои пахши филмҳоро дар лоиҳа шарҳ диҳанд. Лоиҳаҳо барои иштирок дар озмун бояд бо забони тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон на дертар аз рӯзи душанбе, 4 марти соли 2013 то соати 8:00 фиристода шаванд.

Февраль 7, 2013 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд