Мақомоти андоз корҳои тавзеҳотиро тақвият бахшидааст
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Мадина Бобоева).- Бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав Кумитаи андози назди Хукумати ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотиро бо андозсупорандагон тақвият мебахшад. Дар ин давра доир ба фаҳмонда додани муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда аз ҷониби кормандону масъулини кумита бо андозсупорандагон беш аз 250 машварат гузаронида шуда, 50 барномаи телевизионӣ ва радиоӣ доир карда шуд. Аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати ба андозсупорандагон дастрас намудани қонунгузории андоз Кодекси андоз дар таҳрири нав дар ҳаҷми 50 ҳазор адад чоп шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои кишвар ба таври ройгон тақсим карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






