Маҳфили адабӣ бахшида ба фарҳанги Покистон
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар донишгоҳи мазкур бахшида ба мусиқӣ ва фарҳанги Покистон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбонов зимни суханрониаш аҳамияти ин чорабиниро дар таҳкими равобити дӯстонаи байни халқҳои ҳар ду кишвар таъкид сохт.Дар анҷоми маҳфил сурудҳои халқии ҳар ду кишвар танинандоз гардида, намоишгоҳи эҷодиёти мардумии Покистон баргузор шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






