Маҳфили Равшани Махсумзод дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Вазорати кишоварзиву дигар алоқамандон маҳфили адабӣ бо ҳузури нависандаи бомаҳорат Равшани Махсумзод баргузор гардид. Дар маҳфил вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов низ иштирок намуда, дар суханронияш ба китоби «Пули сирот»-и ин нависанда, ки дар он қиссаҳову ҳикояҳо ва андешаҳо фароҳам омадаанд, баҳои баланд дод. Ҳамчунин ҳозирин ба суолҳои хеш атрофи асари «Пули сирот» аз муаллифи он посух гирифтанд. Равшани Махсумзод муаллифи китобҳои «Пули сирот», «Кафан киса надорад» ва чандин китобҳои дигар буда, навиштаҳояш аз тарафи мунаққидону нависандагони кишвар эътироф шудаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






