Маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ ба Эрону Афғонистон содир мешавад
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар давоми соли 2012 корхонаҳои мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия аз захираю имкониятҳо ба маблағи 238,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба соли 2011 44,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаҳои соҳа дар соли 2012 ба хориҷи кишвар ба маблағи 13,3 млн. сомонӣ трансформаторҳо, симҳои металлӣ, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, маводи таркандаи саноатӣ, плитаҳои алюминӣ ва лӯлаҳои гуногуни пластмассиро содир намуданд, ки назар ба соли 2011 3,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти корхонаҳои соҳа асосан ба Афғонистон, Қирғизистон ва Эрон содир мешавад. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






