Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 27 феврал (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Маҷлиси навбатии Ҳукумат бо шунидани ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2013 оғоз ёфт.Тавре зикр гардид, ҳудуди марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ аз 14 миллиону 255,4 ҳазор га иборат аст. Аз он 749,7 ҳазор гектар замини обӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2012 1400 га зиёд гардидааст. Дар натиҷаи барқарорсозии ҷалгалзорҳо, асосан дар ноҳияҳои Ховалинг ва Ашт, ҳаҷми заминҳои ин гурӯҳ 148,3 ҳазор га зиёд шудааст. Соли 2012 1599 га заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ баргардонда шуд.Зимни баррасии масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии “Рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020” ва ҷаласаи ҷашнии Барномаи ТРАСЕКА, аз ҷумла зикр гардид, ки ин чорабинӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Қарор карда шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе рӯзҳои 4-6 сентябри соли равон гузаронда шавад.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки дар зарфи 3 сол бояд амалӣ гардад, тасдиқ карда шуд. Нақшаи мазкур дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон рӯзи 18 сентябри соли 2012 дода шуда буд, таҳия гардида, тибқи он ҳолати соҳаҳои гуногуни водии дурдасти Бартанг хеле беҳтар мегардад. Дар ин водӣ, аз ҷумла 260 га заминҳои нав обшор гардида, дар 50 га боғҳои нав бунёд меёбад. 3 нерӯгоҳи хурди обӣ бо иқтидори умумии 1500 киловат/соат бунёд ёфта, 2 нерӯгоҳи мавҷуда навсозӣ мешавад. Ба масофаи 54 км хатҳои интиқоли нерӯи барқ кашида мешавад. 5 мактаби нав ва 2 бунгоҳи тиббӣ бунёд ёфта, 7 мактаб ва 1 табобатхонаи минтақавии мавҷуда тармим мегардад. Роҳу пулҳои мошингард аз маркази ноҳия то деҳаҳои водии Бартанг навсозӣ шуда, иншооти хизматрасонии сайёҳон бунёд мегардад.Дар охири маҷлис доир ба омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии наврӯзи оламафрӯз, вусъати киштукори баҳорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дастур ҳидоятҳо дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло






