Мактаб 90 — сола мешавад
Турсунзода, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Аз таъсиси мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба номи Носирҷон Маъсумии деҳаи Қаротоғ қариб 90 сол сипарӣ мегардад. Аз ҷумлаи нахустин хонандагони мактаб устод Мирзо Турсунзода, Ҳамид Обидӣ буданд, ки баъдтар ифтихори миллати тоҷик гардиданд. Шогирдони мактаби мазкур дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду шукуфоии Тоҷикистон ҳиссаи арзанда доранд.Агар мактаб дар солҳои аввали ташкилёбиаш ҳамагӣ 60 нафар хонанда дошт, алҳол теъдоди хонандагон ба 1245 нафар расидааст. Дар мактаб зиёда аз 60 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






