«Марказҳои тайёрии кӯдакон – намунаи алтернативии таҳсилоти томактабӣ»

Февраль 20, 2013 10:01

Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-19 феврал дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб – намунаи алтернативии таҳсилоти томактабӣ» бо ибтикори барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикони худ — ташкилотҳои байналмилалии ЮНИСЕФ, Бунёди Оғо-Хон, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлия, Вазорати молия ва Вазорати маорифи Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, намояндаҳои Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.  Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Назархудо Дастамбуев, директори Департаменти маорифи Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иштирокдорони ҷамъомадро бо фаъолияти барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и ИҶК-БМТ дар масоили таҳсилоти томактабӣ тавассути таъсиси марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб ва волидон ошно намуд. Дар ҷамъомад иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба барнома баён намуданд. Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2004 барои омода кардани кӯдакон ба мактаб дар манотиқи дурдаст ва дар он ҷойҳое, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд, мусоидат менамояд.Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди маориф ва тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.

Февраль 20, 2013 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд