Маросими расмӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО

Февраль 12, 2013 12:28

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»). — 11 феврал дар қароргоҳи ЮНЕСКО воқеъ дар шаҳри Париж маросими расмии оғози «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ намояндагӣ намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири ваколатдор оид ба масоили рушди Вазорати корҳои хориҷии Фаронса Паскал Конфен суханронӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори эълон намудани Соли байналмилалии оби соф, Даҳсолаи байналмилалии фаъолият дар мавзӯи «Об барои ҳаёт» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об ҷонибдори фаъоли татбиқи пурраи барномаи об дар Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ҳамрохон Зарифӣ дар анҷоми суханрониаш иштирокдорони муколамаро даъват намуд, ки дар кори конфронси шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намоянд. Дар ҳошияи маросими расмӣ намоишгоҳи «Об барои ҳаёт» доир гардида, мубоҳисаи ғайрирасмӣ дар мавзӯи «Об барои ҳаёт» сурат гирифт.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 12, 2013 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард