Машғулияти таълимӣ барои кормандони мақомоти сарҳадот
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 26 феврал, дар шаҳри Душанбе машғулияти панҷрӯзаи таълимӣ барои кормандони мақомоти сарҳадӣ, муҳоҷират, гумрукӣ, байторӣ ва санитарию эпидемиологии кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Машғулият бо ибтикори Барномаи рушди иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид ва мусоидати раёсати сарҳадот дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст. Коршиносони оянда дар ҷараёни машғулияти таълимӣ малакаҳои омӯзгории худро бо кӯмаки ду нафар омӯзгорони таҷрибадори Иттиҳоди Аврупо такмил дода, табодули таҷриба менамоянд.Вазифаҳои барномаи мазкур аз таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ ва дастгирии тиҷорату транзити қонунӣ, ҳамчунин ҷилавгирии марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро хилофи қонун убур намудани мардум иборат мебошад.Барномаро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ намуда ва онро Созмони Милали Муттаҳид дар амал татбиқ менамояд.Дар ин бора аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






