Машқҳои махсуси тактикӣ дар Варзоб
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо мақсади сайқал додани донишу малакаи касбии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар минтақаи Варзоб машқҳои махсуси тактикӣ ба роҳ монда шуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, машқҳо марбут ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ нигаронида шуда буданд. Дар машқҳо ҳайати шахсии Маркази наҷотдиҳии кумита, дастаи зудамали ситоди шаҳри Душанбе, ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Варзоб, мутахассисони Маркази идораи кумита ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва хадамоти патрули шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб ҷалб гардида буданд. Бояд зикр кард, ки зимни баргузории чунин машқҳо, ҳар дафъа унсурҳои нав зам мешаванд, ки инҳо ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва ба самти наҷотдиҳию кофтуковӣ нигаронида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






